• Кашфи силоҳҳои фаронсавӣ дар ҷануби Сурия

Артиши Сурия дар манотиқи озодшудаи вилояти Даръо, ҷануби ин кишвар силоҳҳои сохти Фаронсаро кашф кард.

Ба гузориши рӯзи панҷашанбеи “Алмаёдин”, артиши Сурия мушакҳои зиддитанкии сохти ширкати таҷҳизоти низомии "Nexter"-и Фаронса дар махфигоҳҳои террористҳо дар манотиқи озодшудаи вилояти Даръоро кашф кардааст. Ин сомонаи зиддитанкӣ дар манотиқи озодшудаи Ғарз, Гумруки Қадим ва Гурдонулҳуҷона, ҷанубу ғарби Даръо кашф шуд.

Артиши Сурия дар чанд рӯзи гузашта дар амалиёти озодсозии манотиқи ҷанубии ин кишвар бар бахшҳои умдае аз вилояти Даръо мусаллат шуд ва тавонист гузаргоҳи Насиб, муҳимтарин гузаргоҳи марзии ин кишвар бо Урдунро аз контроли террористҳо хориҷ кунад.

Фаронса дар солҳои ахир яке аз таъминкунандагони аслии силоҳ барои кишварҳои араби минтақа, аз ҷумла Арабистон ва Аморот будааст.

Бар асоси ин гузориш, артиши Сурия дишаб муваффақ шуд, бар шаҳри Даръо мусаллат шавад ва қарор шуд, террористҳо ҷангафзорҳои сангин ва нимасангини худро таҳвили артиши Сурия диҳанд.

 

Июл 12, 2018 12:43 Asia/Dushanbe
Назарҳо