• Мухолифати подшоҳи Урдун бо ташкили Конфедератсияи Урдун ва Фаластин

Подшоҳи Урдун бо тарҳи эҷоди Конфедератсия, миёни ин кишвар ва Фаластин ба шиддат мухолифат кард.

Ба гузориши маркази иттилоърасонии Фаластин, Малик Абдуллоҳи Дуввум дар дидор бо ҷамъе аз афсарон ва генералҳои бознишастаи артиши Урдун, гуфт, мавзеи Урдун, ташкили кишвари мустақили Фаластин аст ва Қудс, низ пойтахти кишвари Фаластин хоҳад буд ва ҳар гуна тарҳе хориҷ аз ин чорчӯби беарзиш аст.

Малик Абдуллоҳи Дуввум мавзӯи ташкили Конфедератсияи Фаластин-Урдунро тавтеа, алайҳи Урдун дар масъалаи Фаластин хонд.

Тарҳи ташкили Конфедератсияи Фаластин – Урдун ахиран ба пешниҳоди Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба унвони бахше аз тарҳи мавсум ба муомилаи қарн, матраҳ шудааст.

Давлати Амрико токунун дар чорчӯби мубориза бо ҳуқуқи мардуми Фаластин ва тарҳи мавсум ба «муомилаи қарн», сафорати худро аз Тел Авив ба Қудс, мунтақил карда ва ахиран низ аз қатъи кумакҳояш ба Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ (UNRWA) хабар дод.

 

Сентябр 06, 2018 18:23 Asia/Dushanbe
Назарҳо