• Ансоруллоҳи Яман ба саудиҳо: Ниёзе ба иҷозаи шумо надорем

Муҳаммад Абдусалом, раиси ҳайати музокиракунандаи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, рӯзи панҷшанбе иддаои ҷадиди эътилофи мутаҷовизи Саудиро такзиб кард.

Муҳаммад Абдусалом дар сафҳаи худ дар “Твиттер” навишт, ҳайати миллӣ (ҳайати музокиракунандаи Яман) ҳавопаймое надорад, ки эътилоф ба он иҷозаи парвоз бидиҳад дар ҳоле, ки худи эътилоф пеш аз ҳар коре аз Амрико иҷоза мегирад.

Эътилофи мутаҷовизи саудӣ иддао кардааст, ҳавопаймое, ки ҳайати ҷунбиши Ансоруллоҳро аз Санъо ба Женева барои мушорикат дар музокироти ҳалли буҳрони Яман мунтақил хоҳад кард, бо иҷозаи эътилоф ба парвоз дархоҳад омад.

Абдусалом афзуд, Созмони Милали Муттаҳид аз мо хостааст, ки дар музокироти Женева мушорикат кунем.

Раиси ҳайати музокиракунандаи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман хитоб баи саудиҳо навишт, мо аҳаммияте ба шумо намедиҳем ва ниёзе ба иҷозаи шумо надорем.

 

Сентябр 06, 2018 18:55 Asia/Dushanbe
Назарҳо