• Як шаҳид ва 395 захмӣ дар роҳпаймоии “Ҳаққи бозгашт” - и фаластиниҳо

Вазорати беҳдошти Фаластин ҷумъашаб аз шаҳодати як фаластинӣ ва захмӣ шудани 395 нафар дар бистучаҳорумин роҳпаймоии ҷумъаҳо дар борикаи Ғазза хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, миёни маҷрӯҳон 35 кӯдак ва се хабарнигор вуҷуд доранд.

Роҳпаймоии мусолиматомези “Ҳаққи бозгашт” аз 30 – юми март ба муносибати Рӯзи Замин дар борикаи Ғазза оғоз шуда ва ҳамчунон ҳар ҷумъа идома дорад.

Бистучаҳорумин роҳпаймоии “Ҳаққи бозгашт” рӯзи ҷумъа бо номи “Ба кӯрии чашми Трамп бармегардем” баргузор шуд.

Аз 30 – юми март то кунун беш аз 180 фаластинӣ дар ин роҳпаймоӣ ба зарби гулӯлаи низомиёни исроилӣ шаҳид ва ҳудуди 19 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.

Рӯзи Замин ёдовари тасмими режими саҳюнистӣ ба мусодираи заминҳои фаластиниён дар 30 – юми марти соли 1976 аст.

Режими Исроил бо сохти шаҳракҳои саҳюнистнишин дар заминҳои фаластиниён дар садади тағйири сохтори ҷуғрофиёии манотиқи фаластинӣ ва яҳудисозии ин манотиқ аст.

 

 

Сентябр 08, 2018 12:29 Asia/Dushanbe
Назарҳо