• Раиси ҷумҳури Ироқ хостори муҳокимаи омилони ҳамла ба консулгарии Эрон дар Басра шуд

Раисиҷумҳури Ироқ бо судури баёнияе ҳамла ба консулгарии Эрон дар ҷануби кишварашро маҳкум кард ва хостори таҳқиқи фаврӣ, шиносоии авомили ҳамла ва бархӯрди қонунӣ бо онон шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Фуод Маъсум дар ин баёния, ки шомгоҳи шанбе мунташир шуд, ҳамчунин бар муҳофизат аз равобити дӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ироқ таъкид кард ва густариши равобити ду миллат ва ду давлатро хостор шуд.

Ҷумъашаб гурӯҳе аз авбош ба консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Басра, ҳамла карданд ва бино консулгарии Эронро ба оташ кашиданд.

Дар пайи ин ҳодиса сафири Ироқ дар Теҳрон ҷумъашаб ба вазорати умури хориҷаи Эрон, эҳзор ва маротиби эътирози шадиди Теҳрон ба давлати Ироқ ба хотири камкории нируҳои амниятӣ дар ҳифозат аз ин сохтумон ба ӯ иблоғ шуд.

Вазорати хориҷаи Ироқ ҳам дар баёнияе зимни маҳкум кардани ин иқдом, аз давлати марказӣ ва мақомоти маҳаллӣ хост, ҳимоят аз маконҳои дипломатиро дар Басра тақвият кунанд.

Гардонандагони тазоҳуроти эътирозомез дар Басра низ дар баёнияе сӯиистифодаи ошубгарон аз эътирозҳои маданиро маҳкум ва таъкид карданд, ошубгарон бо ҳизби мунҳал шудаи Баъс (ҳизби Садом Ҳусайн, диктатори маъдуми Ироқ) ва гурӯҳи террористии ДИИШ дар иртибот ҳастанд.

Мардуми Басра аз рӯзи сешанбе бори дигар тазоҳурот дар эътироз ба авзои нобасомони сиёсӣ ва иқтисодии Ироқро оғоз кардаанд, ки ин тазоҳурот то кунун 9 кушта ва даҳҳо захмӣ доштааст.

Мардуми Басра ду моҳ қабл низ оғозгари эътирозҳое буданд, ки саросари ҷануб ва маркази Ироқро дарбар гирифт.

 

Сентябр 09, 2018 09:15 Asia/Dushanbe
Назарҳо