• Ифтитоҳи консулгарии нави Эрон дар Басра

Бо ҳузури Эраҷи Масҷидӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ироқ, маҳалли ҷадиди сарконсулгарии Эрон дар Басра (ҷануби Ироқ) ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, сафири ҷумҳурии исломӣ тайи маросиме бо барафрошта кардани парчами Ҷумҳурии Исломии Эрон бар фарози маҳалли ҷадиди сарконсулгарии Эрон дар ин шаҳр, расман онро ифтитоҳ кард.

Эраҷи Масҷидӣ дар ин маросим, ки мақомоти маҳаллӣ ва хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ ҳузур доштанд, ҳамлаи ҷумъаи гузаштаи иддае фиребхӯрда ба сарконсулгарии Эрон дар Басраро иқдоме аз сӯйи душманони ду кишвар барои тахриби равобит донист.

Вай бо ишораи иштирокоти фаровон миёни ду миллати Эрон ва Ироқ таъкид кард, ин гуна иқдомоти тахрибӣ аз сӯйи душманони муштарак таъсире бар равобити ду кишвар нахоҳад гузошт.

Даври ҷадиди тазоҳуроти мардумии аҳолии Басра аз даҳ рӯзи пеш дар эътироз ба камбуди об ва афзоиши заҳролудшавиҳо аз масрафи оби ошомиданӣ оғоз шуд ва ба суръат ба хушунат ва бархурди физикӣ байни нерӯҳои амниятӣ ва тазоҳуркунандагон кашида шуд, ба тавре ки то кунун 11 нафар кушта ва беш аз сад нафар захмӣ шудаанд.

Саркардаҳои ин эътирозот дар баёнияе аз хушунатҳои анҷомшуда худро канор кашида ва эълом карданд, теъдоде аз афроди нуфузии вобаста ба Баъс ва ДИИШ бо инҳирофи тазоҳурот, ба марокизи давлатӣ ва мақарҳои аҳзоб ва Ҳашдушшаъбӣ ва низ сарконсулгарии Эрон дар Басра ҳамла ва он ҷоро ба оташ кашиданд.

 

Барчасп

Сентябр 12, 2018 14:30 Asia/Dushanbe
Назарҳо