• Насруллоҳ: Исроил бидонад кор тамом шуда ва муқовимат мушаки нуктазан дорад

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, ин ҷунбиш муҷаҳҳаз ба мушаки нуктазан шудааст ва агар режими саҳюнистӣ ҷанги ҷадиде таҳмил кунад, бо сарнавиште рӯбарӯ мешавад, ки ҳаргиз интизорашро надорад.

Маросими азодории рӯзи ошуро имрӯз (панҷшанбе) дар Зоҳия, ҷануби Бейрут баргузор шуд ва Саидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар он ба суханронӣ пардохт.

Бар асоси гузориши шабакаи Ал Манор, Насруллоҳ шиори “ҳайҳот миназ зилла” сар дод ва бар идомаи мактаб ва роҳу равиши имом Ҳусайн (а) таъкид кард. Вай гуфт, медонем, ки идомаи масири имом Ҳусайн (а) чизе ҷуз пирӯзӣ, иззат, каромат ва озодӣ нахоҳад буд.

Вай афзуд, дар хусуси мушакҳои нуктазан ва дақиқ, эълом мекунем, ки онон ҳам бидонанд. Ончи бояд анҷом мешуда, анҷом шудааст. Муқовимат имрӯз мушакҳои нуктазан ва ғайри нуктазан, имконот ва таслиҳоти лозимро дар ихтиёр дорад ва агар Исроил ҷанге бар Лубнон таҳмил кунад, бо сарнавиште рӯбарӯ хоҳад шуд, ки дар ҳеҷ рӯзе интизор онро надоштааст.

Насруллоҳ дар бораи Эрон гуфт, воҷиб аст, ки дар канори Эрон биистем,  чанд ҳафта баъд таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон иҷро мешавад. Ҳамаи мо медонем, ки давлати Амрико пайгирона талош мекунад, то кишварҳои дигарро аз хариди нефт мутаваққиф кунанд, майдонем, ки Эрон аз ҷониби Амрико ба як далели рушан таҳрим мешавад.

Вай идома дод, аввал ин ки Эрон мултазам ба дин, ҷумҳурият, истиқлол, ҳокимият ва озодагиаш аст. Чун Эрон дар сатҳи раҳбар, давлат, масъулон ва мардум ҳаргиз намепазирад, ки бандаи Амрико шавад ва касе истиқлол дар тасмимгириашро мусодира кунад. Эрон мехоҳад кишваре мустақил ва оқо ва озод ва карим ва азиз бошад, аммо муҳосира ва таҳрим мешавад. Чун Эрон дар канори кишварҳои минтақа меистад ва аз ҳуқуқи онон дифо мекунад ва дар муқобили тарҳҳои султаҷӯёнаи такфирӣ меистад, мавриди ҳадаф аст.

Насруллоҳ таъкид кард, Эрон дар канори Фаластин ва муқобили Исроил ва тарҳи он истодааст, ҳамонтавр, ки дар канори Лубнон истодааст, то хок ва сарзаминҳои арабӣ озод шавад. Эрон аввалин кишваре буд, ки ба нидои ироқиҳо посух дод вақте, ки ДИИШ-и такфирӣ ҳамла кард ва муқаддасот дар хатар буд. Ҷумҳурии Исломии Эрон ба масоили мустазъафин пойбанд аст ва ин ҳаққи Эрон бар гардани мост, ки дар канораш бошем.

 

 

Сентябр 20, 2018 18:05 Asia/Dushanbe
Назарҳо