• Салиби Сурх: Авзоъи инсонӣ дар Ал Ҳудайдаи Яман буҳронӣ аст

Сухангӯи Кумитаи байналмилалии Сулиби Сурх дар Яман, аз буҳронӣ будани авзоъи инсонӣ дар устони Ал Ҳудайда хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс , Аднон Ҳизом, сухангӯи Кумиаи байналмилалии Салиби Сурх изҳор дошт, бисёре аз шаҳрвандон дар шаҳри Ал Ҳудайда, ниёзманди кӯмакҳои инсонии фаврӣ дар заминаҳои мухталиф бавижа, бахши беҳдошт ва пизишкӣ ҳастанд.

Ин дар ҳоле аст, ки дафтари ҳамоҳангкунанда умури инсонии Созмони Милал дар Яман рӯзи панҷшанбе эълом кард, ҷанг дар бандари Ал Ҳудайда дар ғарби ин кишвар, беш аз 76 ҳазор хонаводаи яманиро овора кардааст.

Дар ҳамини ҳол, Lise Grande, масъули умури инсонии Созмони Милал дар умури Яман эълом кардааст, садҳо ҳазор ғайринизомии яманӣ ба иллати даргириҳо дар устони Ал Ҳудайда барои зинда мондан мубориза мекунанд, беш аз 25 дарсад аз кӯдакони ин устон аз сӯитағзия(гуруснагӣ) ранҷ мебаранд ва 900 ҳазор нафар аз сокинон низ умеде барои дастёбӣ ба ғизо надоранд.

Арабистон ва Иморот аз 13 июн ҳамалоти густардаеро барои ишғоли бандари Ал Ҳудайда, ғарби Яман оғоз кардаанд, аммо токунӯн ба муваффақияте даст наёфтаанд. Бандари Ал Ҳудайда аслитарин масири ирсолии кӯмакҳои башардӯстона ба Яман аст.

 

Сентябр 22, 2018 19:39 Asia/Dushanbe
Назарҳо