• Дархости 40 кишвар аз Арабистон барои шаффофсозӣ дар хусуси қатли Хошуқҷи

Чиҳил кишвари узви Созмони Милал дар баёнияе аз Арабистони Саудӣ хостанд, аз ҳаводисе, ки барои Хошуқҷи рӯй додааст, парда бардорад.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, ин баёния пас аз суханони Бандар ибни Муҳаммад Алъибон, раиси Кумитаи ҳуқуқи башари Арабистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Женева содир шудааст. Алъибон дар ин нишаст гуфтааст, Арабистон дар масъалаи қатли Хошуқҷи бо ҳадафи дастёбӣ ба ҳақиқат ва муҳокимаи ҷинояткорон таҳқиқ кардааст.

Кишварҳои узви Созмони Милал ҳамчунин хостори ислоҳ дар қавонини озодии баён дар Арабистон шуданд.

Суханони Саудиҳо дар бораи кушта шудани Хошуқҷи бо шакку тардидҳои густурдае мувоҷиҳ шуда ва бо гузоришҳои ғайррасмии Арабистон дар тазоданд.

Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин эълом кард, дар иҷлоси ҳуқуқи башари ин созмон ҳудуди даҳ кишвари узви Созмони Милал маротиби нигаронии худро аз идомаи буҳрони Хошуқҷи ва ҳамчунин мунозиоти Яман эълом карданд ва Арабистони Саудӣ дар бораи ҳамалоти ҳавоӣ, ки ба кушта шудани ғайринизомиён мунҷар шуда, бо интиқод мувоҷеҳ шудааст.

 

 

Ноябр 06, 2018 18:31 Asia/Dushanbe
Назарҳо