• Шиллики мушаки “Зилзол 1”-и Яман ба мавозеи низомиёни Саудӣ дар Ҷизон

Ягони мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, дар посух ба ҳамалоти ҷангандаҳои Саудӣ ба ин кишвар, як мушаки «Зилзол1» ба сӯи мавозеи низомиёни Саудӣ дар Ҷизон шиллик кард.

Ин мушаки артиши Яман ба мақари нирӯҳои эътилофи саудӣ дар шарқи кӯҳи Ал Нор дар наздикии Ҷизон, воқеъ дар ҷануби Арабистон исобат кардааст.

Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бо вуҷуди таҳрим ва муҳосираи ҳамаҷонибаи кишварашон аз сӯи режими Саудӣ, дар ҳоли тавсеаи тавонмандиҳои дифои мушакии худ ҳастанд ва ахиран низ аз мушаки пешрафтаи «Бадр1» рӯнамоӣ карданд.

Як манбаи низомӣ низ аз контроли нирӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бар теъдоде аз теппаҳо дар шарқи кӯҳи Ал Нор дар Ҷизон хабар дод.

Аз сӯи дигар, ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ, хонаеро дар устони Ал Ҳудайда бомбаборон карданд, ки мунҷар ба кушта шудани 6 нафар аз аъзои як хонавода шуд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 ба Яман ҳамла ва сипас ин кишвари фақири арабиро муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон дар Яман ба кушта шудани беш аз 14 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Ноябр 08, 2018 20:20 Asia/Dushanbe
Назарҳо