• Ифшои номи нобудкунандаи ҷасади Хошуқҷӣ дар Туркия

Шабакаи Алҷазира ба нақл аз манобеи огоҳ дар Туркия рӯзи ҷумъа номи се нафар аз касонеро, ки дар нобуд кардани ҷасади Ҷамол Хошуқҷӣ,  рӯзноманигори кушташудаи Саудӣ даст доштанд, фош кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, шабакаи Алҷазира эълом кард, Моҳир ал-Мутриб, Салоҳ ат-Табиқӣ ва Зиъор ал-Ҳарбӣ аз касоне ҳастанд, ки номи онон дар қатли Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди режими Оли Сауд дар консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия ва низ ва нобуд кардани ҷасади ӯ фош шудааст.

Рӯзи гузашта низ манбаи огоҳ дар дафтари додстонии кулли Туркия эълом карда буд, дар манзили сарконсули Саудӣ дар Истамбул, боқимондаи асид (кислота) ва маводи химиёвии хос пайдо шудааст ва бар асоси натоиҷи таҳқиқоти анҷомгирифта, ҷасади Ҷамол Хошуқҷӣ бо асид комилан нобуд карда шудааст.

Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди режими Оли Сауд дувуми октябри 2018, пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истамбул нопадид ва охирин гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки вай ба дастури Муҳаммад ибни Салмон валиаҳди Арабистон ва аз сӯи аносири созмони иттилооти ин кишвар ба қатл расид.

 

Ноябр 09, 2018 18:26 Asia/Dushanbe
Назарҳо