• Гузориши “Ню-Йорк таймз” аз нақшаи саудиҳо барои террори мақомоти Эрон

Рӯзномаи амрикоии “Ню-Йорк таймз” фош кард, мақомҳои иттилоотии наздик ба валиаҳди Саудӣ як сол пеш дар тадоруки нақшаи чандмиллиарддолларӣ барои харобкорӣ дар Эрон ва террори мақомҳои эронӣ будаанд.

Ба гузориши ИРНА, “Ню-Йорк таймз” ба нақл аз се мақоми огоҳ навишт, ки мақомҳои иттилоотии наздик ба Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон соли гузашта бо гурӯҳе аз тоҷирон дар бораи террори мақомҳои эронӣ тавассути ширкатҳои хусусӣ суҳбат кардаанд. Ба навиштаи “Ню-Йорк таймз”, агарчи мақомҳои Арабистон қатли Хошуқҷиро амалиёти худсар ба дастури генерал Аҳмад Аласирӣ тавсиф кардаанд, аммо Аласирӣ дар марти соли 2017 дар нишасте ҳузур дошта, ки дар он бархе тоҷирон нақшаи думиллиарддолларӣ барои тахриби иқтисоди Эрон таҳия кардаанд. Дар ин нишаст Аласирӣ баҳси террори сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи сипоҳи “Қудс”-и Эронро матраҳ кардааст.

Ҷорҷ Нодир, тоҷири лубнонӣ-амрикоӣ ин нишастро тартиб дода ва мақомҳои Кохи Сафедро аз нақшаи зиддиэронии саудиҳо огоҳ кардааст. Ҳамчунин як саҳюнист ба номи Ҷуил Зомил, ки равобити наздике бо созмонҳои ҷосусии режими саҳюнистӣ дорад, дар ин ҷаласа ҳозир будааст.

Мақомҳои Саудӣ дар нишасти марти соли 2017 аз тасмими худ барои террори мақомҳои эронӣ хабар дода ва аз тоҷирони ҳозир дар бораи ин ки оё ҳозир ба анҷоми чунин амалиёте ҳастанд, пурсишҳое матраҳ кардаанд, аммо онҳо гуфтаанд, ки бояд дар ин бора бо вукалои худ машварат кунанд. Онҳо ҳамчунин амалиёте мисли ифшои амволи пинҳонии сипоҳи “Қудс”-и Эрон дар саросари ҷаҳон, эҷоди ҳисобҳои корбарии қалбакӣ бо забони форсӣ барои доман задан ба ошӯб дар Эрон, таъмини молии гурӯҳҳои эронии мухолифи давлат ва эроди иттиҳомҳои ошкор алайҳи мақомҳои эрониро тарҳрезӣ карданд.

Як мақоми наздик ба Ибни Салмон ба “Ню-Йорк таймз” гуфт, ки алоқаи генерал Аласирӣ ба нақшаи террор чизи аҷибе набудааст, аммо намоёнгари сиёсати расмии Арабистон нест. Аммо ба навиштаи “Ню-Йорк таймз”, наздики Аласирӣ ба Ибни Салмон ба шакле, ки дар ҳама нишастҳое, ки вай дар Риёз дошта, дар канори ӯ будааст, боварпазирии ин иддаоҳоро, ки барои поксозии Ибни Салмон матраҳ мешавад, душвор мекунад. Генерал Аласирӣ, ки моҳи гузашта дар пайи расвоии қатли Хошуқҷи ихроҷ шуд, сухангӯи эътилофи Саудӣ дар ҷанги Яман буд.

 

Ноябр 12, 2018 12:40 Asia/Dushanbe
Назарҳо