Январ 10, 2019 19:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокат ва захмӣ шудани беш аз 150 муздури саудӣ дар амалиёти паҳподи нерӯҳои яманӣ

Дар амалиёти паҳпод (парандаи ҳидоят пазир аз дур)-и артиш ва кумитаҳои мардуми Яман, таҷаммӯи низомиёни вобаста ба эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар Лаҳиҷ (lahij) ҳадаф қарор гирифт, ки бар асари он беш аз 150 муздури саудӣ, кушта ва захмӣ шуданд.

Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман субҳи имрӯз (панҷшанбе) маҳалли режаи низомӣ дари пойгоҳи Al Anad дар устони Лаҳиҷ воқеъ дар ҷануби Яманро ҳадаф қарор доданд.

Дар пайи ин амалиёт, Абдуллоҳ Ал Нахъӣ, раиси Ситоди муштараки давлати мустаъфии Яман захмӣ шуд ва чанд фармондеҳи баландпояи низомии вобаста ба эътилофи мутаҷовизи саудӣ кушта шуданд.

Бар асоси ин гузориш, Солеҳ Ал Зиндонӣ, муовини раиси Ситоди муштараки артиши давлати мустаъфии Яман, Муҳаммад Солеҳ, раиси дастгоҳи иттилоот ва Собит Ҷуос, аз фармондеҳони низомии давлати мустаъфӣ, аз дигар маҷрӯҳон ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, шабакаи телевизионии Ал Масира гузориш дод, ин амалиёт, пас аз расади дақиқи таҳаррукоти нерӯҳои мутаҷовиз дар дохили пойгоҳи Al Anad анҷом ва мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани даҳҳо нафар шудааст.

Бархе аз манобеи яманӣ аз кушта шудани 6 муздури саудӣ дар ин амалиёт хабар доданд.

Эътилофи нерӯҳои мутаҷовиз ба саркардагии Арабистон аз марти 2015 бо ҳадафи бозгардондани Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат, ба ин кишвар ҳамла карданд, артиш ва нерӯҳои мардумии Яман ҳам дар посух ба таҷовузи эътилофи саудӣ, мавозеи низомиён ва муздурони саудиро ҳадаф қарор медиҳанд.

 

Барчасп

Назарҳо