Январ 11, 2019 18:12 Asia/Dushanbe
  • Фармони Башор Асад барои афви ҳазорон сарбози фирории сурияӣ

Манобеи сурияӣ аз фармони афви раёсати ҷумҳурии Сурия барои ҳудуди 24 ҳазор ҷавони фирорӣ аз хидмати низомӣ дар даврони ҷанг алайҳи терроризм, хабар доданд.

Ба гузориши Руссия-алявм, Сергей Соломатин раиси маркази оштии Русия дар Сурия гуфт: Дар чорчуби иҷрои фармони пешини Башор Асад раиси ҷумҳурии Сурия, мақомоти ҷумҳурии арабии Сурия он даста аз касонеро, ки аз хидмати низомӣ фирор карда буданд, афв мекунанд.

Раиси маркази оштии Русия афзуд: Аз ҷумлаи ин бахшудашудагон метавон ба фирориён аз хидмат, ки ҷузви оворагон ҳастанд ва аъзои собиқи гурӯҳҳои мусаллаҳ ишора кард.

Бар асоси ин гузориш, то ҳаштуми январи 2019, 23 ҳазору 924 нафар шомили афви раёсати ҷумҳурии Сурия шудаанд.

Башор Асад нуҳуми октябри 2018 фармони афви умумии фирориён аз хидмати низомиро содир кард.

 

Барчасп

Назарҳо