Март 13, 2019 18:56 Asia/Dushanbe
  • Саудиҳо 534 бор оташбас дар Алҳудайдаро нақз карданд

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман сешанбешаб эълом кард, мутаҷовизони саудӣ ва муздурони онҳо дар 72 соати гузашта 534 бор оташбас дар шаҳри Алҳудайда, ғарби Яманро нақз кардаанд.

Яҳё Ассареъ ҳамчунин гуфт, ҷангандаҳои саудӣ тайи 72 соати гузашта 61 бор манотиқи мухталифи Яманро бомбаборон кардаанд.

Оташбаси мавриди тавофуқ дар Шветсия миёни ҳайати эъзомӣ аз Санъо ва ҳайати Риёз аз бомдоди сешанбеи 18 –уми декабр дар шаҳри Алҳудайда оғоз шудааст, аммо эътилофи саудӣ ҳар рӯз онро нақз мекунад.

Бандари Алҳудайда аслитарин масири ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Яман аст.

Чаҳорумин даври музокироти сулҳи Яман аз 6-уми декабр бо ҳузури тарафҳои яманӣ ба раёсати Мартин Грифитс, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яман дар Стокҳолми Шветсия оғоз шуд ва рӯзи панҷшанбеи 13 декабр бо тавофуқ дар бораи оташбас дар Алҳудайда ба кори худ поён дод.

То кунун чандин бор барои поён додан ба ҷанги Яман таҳаррукоте сурат гирифтааст, аммо ҳар бор бо коршикании Арабистон ва муттаҳидонаш ба бунбаст расидааст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

 

Барчасп

Назарҳо