Март 14, 2019 18:50 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Арабистон бо дархостҳо барои байналмилалӣ кардани таҳқиқоти қатли Хошуқҷӣ

Дар пайи ҳароси Арабистон аз паёмадҳои байналмилалӣ ва минтақаии парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, нависанда ва рӯзноманигори мунтақиди режими Саудӣ, Риёз дархостҳо барои байналмилалӣ кардани таҳқиқот дар бораи ин парвандаро рад кард.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, Туркия парвандаи қатли рӯзноманигори мунтақиди саудиро пайгирӣ хоҳад кард ва дар сурати лузум ин парвандаро ба додгоҳи  байналмилалӣ ирҷоъ хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, Бандар бин Муҳаммад ал Ибон, раиси Комиссияи ҳуқуқи башари Арабистон дар идомаи нақзи қавонини ҳуқуқи башарии режими Оли Сауд, рӯзи панҷшанбе барои ҷилавгирӣ аз расвоии бештари мақомоти саудӣ бо ҳаргуна дархост барои таҳқиқоти байналмилалӣ дар бораи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ мухолифат кард.

Пештар шабакаи телевизионии Алҷазира дар бораи наҳваи нест кардани ҷасади Ҷамол Хошуқҷӣ, ки тавассути авомили Саудӣ ва ба дастури Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ ба қатл расид, фош кард, ин авомил баъд аз қатл, вайро дар кураи одамсӯзи, сӯзондаанд.

Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди режими Саудӣ 2 октябр 2018 пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия нопадид шуд.

Режими Саудӣ 19 октябр гузашта, баъд аз 18 рӯз сукут ва такзиб саранҷом таҳти фишорҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ таъйид кард, Хошуқҷӣ дар консулгари Арабистон дар Истамбул ба қатл расидааст.

Ҷамол Хошуқҷӣ дар феҳрасти афроди боздоштӣ ва таҳти таъқиби режими Саудӣ қарор дошт ва аз бими дастгир шудан дар хориҷ аз Арабистон зиндагӣ мекард.

 

Барчасп

Назарҳо