Май 11, 2019 19:56 Asia/Dushanbe

Пойгоҳи интернетии “Алъаҳд” –и Лубнон бо интишори як видео эълом кард, Арабистони Саудӣ Қуръонҳоро месӯзонад.

Дар як видеои тозамунташиршудаи сохтмоне дар минтақаи биёбонӣ нишон дода мешавад, ки дар он нусхаҳои фаровоне аз Қуръон вуҷуд дорад ва гуфта мешавад, ки аз ин сохтмон ба унвони кӯрае барои сӯзондани Қуръон истифода мешавад.

Фарде, ки ин филмро гирифтааст ва дар он фақат садои ӯ шунида мешавад, ҳамзамон бо нишон додани сохтмон мегӯяд, ин тарҳе аст ба номи тарҳи Нарҷис, ки бар асоси он аз ин сохтмон ба унвони кӯрае барои сӯзонидани Қуръон истифода мешавад.

Вай бархе аз ин қуръонҳоро боз мекунад ва нишон медиҳад, ки қуръонҳои воқеӣ ҳастанд ва аз ин ки сӯзонида мешаванд, иброз тааҷҷуб мекунад ва ба Худо паноҳ мебарад.

Ӯ мегӯяд, чаро ин қуръонҳоро пахш намекунед то мардум аз онҳо истифода кунанд?

Дар ин филм номи шаҳр ё минтақае, ки сохтмон дар он воқеъ аст, мушаххас нест.

 

Назарҳо