Май 12, 2019 20:09 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъияти уламои Ироқ таҳримҳои ғайриқонунии Амрико зидди Эронро маҳкум кард

Раиси Ҷамъияти уламои Ироқ таҳримҳои ғайриқонунӣ ва якҷонибаи Амрико зидди Эронро маҳкум кард.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, Шайх Холид Алмало, раиси Ҷамъияти уламои Ироқ бо интиқод аз сиёсати муҳосираи иқтисодӣ ва маҳрум кардани миллатҳо аз фурсати зиндагии оддӣ ва таҳти фишор гузоштани онҳо барои тағйири сиёсати давлатҳояшон, гуфт: Афзоиши таҳримҳои Амрико зидди Эрон аз назари инсонӣ ва исломӣ золимона аст.

Давлати Амрико 22-и апрели соли 2019 эълом кард, ки дигар муофиятҳои таҳримии муштариёни нафтии Эронро аз дуввуми моҳи майи соли ҷорӣ тамдид хоҳад кард.

 

Барчасп

Назарҳо