Май 14, 2019 11:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳафтоду якумин солгарди

14 май 2019 баробар бо ҳафтоду якумин солгарди ихроҷи садҳоҳазор фаластинӣ аз сарзаминашон ва 15 май ҳафтоду якумин соли шаклгирии режими ҷаълии Исроил "Рӯзи никбат" аст.

Тазоҳуроти "Рӯзи никбат-2019" дар шароите баргузор мешавад, ки бахшҳои муҳимме аз тарҳи муомилаи қарни таи як соли гузашта иҷроӣ шудааст, ки аз ҷумла метавон ба вогузории Қудс ба Исроил, вогузории Ҷавлони Сурия ба Исроил, ҳимоят аз яҳудисозии Қудс ва ҳимоят аз шаҳраксозӣ ишора кард.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико декабри 2017 Қудсро ба унвони пойтахти нави Исроил муъаррифӣ ва эълом кард, ки сафорати Амрикоро низ ба Қудс мунтақил  хоҳад кард, ки ин иқдомро дар 14 майи 2018 яъне дар ҳафтодумин солрӯзи таъсиси режими Исроил анҷом дод.

Назарҳо