Сентябр 09, 2019 20:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи эътилофи саудӣ ба ғайринизомиёни яманӣ бо “Катюша”. 10 нафар захмӣ шуданд

Эътилофи саудӣ бори дигар тавофуқи “Алҳудайда”-ро нақз кард ва бо шиллики “Катюша” ба минтақае маскунӣ дар шаҳристони Алҳоли, чандин ғайринизомиро захмӣ кард.

Ба гузориши “Форс”, манобеи амниятӣ эълом карданд, эътилофи мутаҷовиз манозили ғайринизомиён дар минтақаи Аззаъфарон, дар шаҳри Алҳолиро бо чаҳор мушаки “Катюша” ҳадаф гирифт, ки бароварди аввалия ҳокӣ аз захмӣ шудани 10 ғайринизомӣ аст.

Ҳамчунин бар асари инфиҷори як бомба дар устони Лаҳаҷ, воқеъ дар ҷануби ғарби Яман ду кӯдак кушта ва як нафари дигар захмӣ шуд.

Шаҳри Стокҳолми Шветсия дар таърихи 15 озари 1397 (шашуми декабри 2018) ба муддати як ҳафта мизбони чаҳорумин даври музокироти сулҳи Яман бо ҳузури тарафҳои яманӣ ба раёсати Мартин Грифитс, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яман буд ва дар таърихи 13 декабр (22 озармоҳ) бо тавофуқи оташбас дар Алҳудайда, ба кори худ поён дод.

Оташбас дар шаҳр ва бандари Алҳудайда аз 27 –и озармоҳи 1397 (18 ноябри 2018) вориди марҳалаи иҷро шуд, аммо эътилофи саудӣ бо анҷоми ҳамалоти мудовим, ҳар рӯз онро нақз мекунад, ба наҳве, ки ин оташбас дар остонаи шикаст қарор гирифтааст.

Чанде пеш сухангӯи вазорати беҳдошти Яман аз кушта ва захмӣ шудани беш аз 50 ҳазор нафар дар натиҷаи ҳамалоти эътилофи саудӣ хабар дод ва гуфт, 3800 кӯдак дар миёни кушташудагон аст.

 

Барчасп

Назарҳо