Сентябр 11, 2019 13:21 Asia/Dushanbe
  • Эъломи се рӯз азои умумӣ дар Карбалои муалло

Ба дунболи шаҳодати шуморе аз зоирони ҳусейнӣ (а) дар Карбалои муалло 3 рӯз азои умумӣ дар ин устон эълом шуд.

Устондории Карбалои муалло дар баёнияе эълом кард, пас аз ахзи мувофиқати Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ 3 рӯз азои умумӣ дар устони Карбало эълом шуд.

Рӯзи сешанбе бар асари издиҳоми ҷамъият дар ҷараёни маросими Ошурои Ҳусейнӣ дар Карбалои муалло беш аз 30 тан аз азодорони ҳусейнӣ ҷони худро аз даст доданд ва 100 тан ҳам маҷрӯҳ шуданд.

Беш аз 4 миллион зоири ҳусейнӣ рӯзи сешанбе дар рӯзи Ошуро, солрӯзи шаҳодати солори шаҳидон ҳазрати  Имом Ҳусейн (а) дар Карбалои муалло ҳузур доштанд.

 

Назарҳо