• “Гароиши ҷавонони тоҷик ба терроризм баъди бастани наҳзат афзоиш ёфтааст”

Раиси Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар як навор гуфтааст, пас аз мамнуияти фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон дар соли 2015, гароиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ афзоиш ёфтааст.

Бар асоси наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, Муҳиддин Кабирӣ дар мизи гирде дар ҳошияи ҳамоиши ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшаваи Лаҳистон дар суханронии дувум ва кӯтоҳи худ гуфтааст, теъдоди тоҷиконе, ки пас аз соли 2015 ва мамнуъ шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ба созмонҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ пайвастаанд, беш аз ду ҳазор нафар аст.

Раиси Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин навори видеоии наздик ба чаҳор дақиқаӣ мегӯяд: “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар се давра аз интихобот дар парлумони ин кишвар намоянда дошт ва инҷониб 10 сол ба унвони намояндаи ин ҳизб дар парлумон фаъолияти қонунгузорӣ кардаам. Замоне, ки Ҳизби наҳзат ба таври расмӣ фаъолият мекард, дар минтақа ва ҷаҳон аз Тоҷикистон ба унвони як кишвари дорои субот ва нишондиҳандае аз демократия ёд мекарданд, аммо мамнуияти фаъолияти ин ҳизб дар соли 2015 заминаи гароиши ҷавононро ба гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ фароҳам сохт, ки дар ин маврид Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсояи хеш сабқат гирифт”.

Дар ин навор Кабирӣ ҳамчунин гуфтааст, дар ин ҳамоиш мебоист теъдоди зиёде аз мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон ширкат мекарданд, аммо чанд соат қабл аз оғози ин нишаст бисёре аз ин афрод гуфтаанд, ки аъзои хонаводаҳояшон дар дохили Тоҷикистон ба шиддат таҳти фишор ҳастанд ва оз онон хостаанд дар ин нишасти ба истилоҳ зидди давлати Тоҷикистон ширкат накунанд.

Нишасти Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ дар ҳошияи анҷумани САҲА дар Варшава дар ҳоле доир шуд, ки "Ховар” – хабаргузории давлатии Тоҷикистон ахиран ба ин созмони байналмилалӣ ҳушдор дод, ки минбар додан ба намояндагони ин ҳизб ва ширкату суханронии Кабирӣ дар Варшава метавонад боиси баста шудани ягона дафтари САҲА дар Душанбе гардад.

 

Сентябр 13, 2017 21:32 Asia/Dushanbe
Назарҳо