• Равобити Тоҷикистон ва САҲА аз нигоҳи коршиносони тоҷик

Коршиносон ва таҳлилгарон дар бораи ихтилофоти ахири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва ҳукумати Тоҷикистон ва ояндаи равобити дуҷонибаи онҳо дидгоҳҳои мухталифе матраҳ кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, пас аз иқдоми намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар тарки ҳамоиши ҳуқуқи башари САҲА дар Варшаваи Лаҳистон ба нишони эътироз ба ҳузури намояндагони гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Душанбе дар ин нишаст ва низ баргузории мизигирди аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи давлат дар ҳошияи ин ҳамоиш, ихтилофоти ҳукумати Тоҷикистон бо ин созмон вориди марҳилаи тозае шудааст.

Як манбаъ аз дафтари Ҳизби ҳокими халқӣ- демократии Тоҷикистон бидуни ифшои номи худ майдон додан ба мухолифони сиёсии ин кишвар дар ҳамоиши ҳуқуқи башари САҲА дар Варшаваи Лаҳистонро бозии дугонаи Аврупо бо давлати Душанбе унвон кардааст.

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистон бо ишора ба тарҳи таҳдидҳои қаблӣ аз сӯйи расонаҳои давлатии ин кишвар барои бастани дафтари САҲА дар сурати ҳузури мухолифони сиёсии давлати Душанбе дар ҳамоиши ҳуқуқи башари ин созмон таъкид кард, ки ин таҳдидҳо амалӣ нахоҳад шуд.

Ҳакимов афзуд, муддате аст фаъолияти дафтари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст ва қатъи фаъолияти ин ниҳод ба зиёни давлати Душанбе тамом хоҳад шуд.

Вай таъкид кард, беҳтар буд, ки ҳукумати Тоҷикистон намояндагони аҳзоби сиёсӣ, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи маданиро ба ин нишаст эъзом мекард то дар фазои созандае миёни ин гурӯҳҳо ва мухолифони сиёсии давлати Душанбе баҳсу табодули назар мешуд.

 Аз суйи дигар Иброҳим Усмонов, устоди риштаи рӯзноманигорӣ ва коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон мегӯяд, ки хурӯҷи эҳтимолии ин кишвар аз САҲА қобили тасаввур нест.

Усмонов афзуд, Тоҷикистон як кишвари кӯчак аст ва бо САҲА созишномаҳои зиёде дар бахшҳои мухталиф имзо кардааст, ки наметавонад аз ин тавофуқот сарфи назар кунад.

Вале Сайфуллоҳ Сафаров, муовини Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки САҲА таҳти нуфузи қудратҳое назири Амрикост ва амалкарди ин созмон аз сӯйи Вашингтон дикта мешавад.

Низоъ миёни давлати Тоҷикистон ва САҲА бар сари ҳузуру суханронии теъдоде аз фаъолони аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи сиёсии давлати Душанбе дар нишасти ин созмон бо мавзӯи ҳуқуқи башар дар Варшаваи Лаҳистон, дар моҳи сентябри соли 2016 боиси маҳдуд шудани фаъолияти дафтари марказии ин созмон ва таътилии фаъолияти панҷ дафтари минтақаии он дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон шуд.

 

Сентябр 14, 2017 09:36 Asia/Dushanbe
Назарҳо