• Таваққуфи фаъолияти Фурӯдгоҳи байналмилалии Қурғонтеппа

Фаъолияти Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлони Тоҷикистон ба иллати қатъ шудани парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Вим Авиа”-и русӣ мутаваққиф шудааст .

Ба гузориши сомонаи “СА-нюз”, то кунун 120 нафар аз кормандони ин фурӯдгоҳ ба мурраххасии бидуни маош фиристода шудаанд ва ҳеч парвозе аз ин фурӯдгоҳ анҷом намешавад.

Шамс Исоев, яке аз муҳандисони Фурӯдгоҳи байналмилалии Қурғонтеппа гуфтааст, пас аз қатъи парвозҳои ширкати русии “Вим Авиа” дар масири Маскав ба Қурғонтеппа ва баръакс, акнун ин фурӯдгоҳ аз фаъолият бозмондаву ояндаи он номушаххас аст.

 Елена Фёдорова, сухангӯи ширкати ҳавопаймоии “Вим Авиа” дар Маскав набуди мусофир ва надоштани суди иқтисодиро иллати қатъи парвозҳои ин ширкат ба Қурғонтеппа унвон кардааст.

Нодир Расулов, масъули собиқи намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар Тоҷикистон низ иллати умдаи коҳиши парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон ва қатъ шудани фаъолияти Фурӯдгоҳи байналмилалии Қурғонтеппаро номутавозин будани теъдоди мусофирон эълом кардааст.

Шаҳрвандони тоҷикистонии ҷӯёи кор маъмулан ҳамасола дар фасли баҳор роҳии Русия мешаванд ва дар авоили зимистон ба кишвари худ бармегарданд, ки ин масъала боис шудааст ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ ва тоҷикӣ суди молии хубе касб кунанд, аммо дар бақияи айёми сол коҳиши шадиди мусофирон зиёни молии фаровоне ба ин ширкатҳо ворид мекунад.

Фурӯдгоҳи байналмилалии Қурғонтеппа аз соли 2010 фаъолияти худро густариш дод ва ширкати ҳавопаймоии “Ист Эйр” -и Русия ҳафтае 8 то 16 парвоз аз ин фурӯдгоҳ ба шаҳрҳои Маскав, Самара, Санкт-Петербург ва Новосибирск анҷом медод. Бо ин ҳол Вазорати нақлиёти Тоҷикистон муҷаввизи парвозҳои ин ширкати русиро бекор кард.

 

Сентябр 14, 2017 10:42 Asia/Dushanbe
Назарҳо