• Бархостани болгарди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қурбонӣ гирифт

Дилдор Мақсудшоев раиси фурудгоҳи шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон ҳангоми бархостани болгарди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба замин афтод ва ҷони худро аз даст дод.

Ба гузориши Азия-плюс, ба гуфтаи шоҳидон дар рӯзи ҳодиса раиси фурудгоҳи Хоруғ рӯйи қолине истода буд, ки барои пешвози раиси ҷумҳурӣ густурда буданд, ки дар пайи парвози болгард ин қолин ҷо ба ҷо шуд ва ӯ ба замин афтод.

Дар ин ҳодиса, ки дирӯз чаҳоршанбе рӯй дод, сари Мақсудшоев бар асари бархурд ба санг ба шиддат маҷрӯҳ шуд ва вай ба бемористони марказии ноҳияи Дарвоз интиқол ёфт, аммо дар роҳи бемористон даргузашт.

Як манбаи огоҳ дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон дар гуфтугӯ бо расонаҳо аз интиқоли пайкари Дилдор Мақсудшоев ба Хоруғ барои хоксупорӣ хабар додааст.

Рӯзи 13 сентябр Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ва ноҳия Дарвози вилояти Бадахшон сафари корӣ дошт.

Эмомалӣ Раҳмон дар рустои Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз, хонаҳои сохташуда барои сокинони осебдида аз селро ифтитоҳ ва бо мардуми он минтақа дидор ва гуфтугӯ кард

Сентябр 14, 2017 12:01 Asia/Dushanbe
Назарҳо