Октябр 23, 2017 11:45 Asia/Dushanbe
  • Талоши номуваффақи 20 - сола барои доштани мактаб дар Кӯлоб

Сокинони рустои Танёли ҷамоати Даҳана дар минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон бо беш аз ҳазор нафар ҷамъият, дар 20 соли ахир муваффақ ба сохти мактаби нав нашудаанд ва донишомӯзон ҳамчунон дар табақаи аввали як манзили маскунӣ дарс мехонанд.

Ба гузориши сайти “ТОП ТҶ”, Бозор Расулов, раиси ҷамоати Даҳана гуфтааст, ду сол қабл шаҳрдори Кӯлоб барои сохти мактаби нав дар рустои Танёл ду гектар замин ихтисос дод, ки ба далоили номаълум ҳанӯз сохти мактаб оғоз нашудааст.

 Вай таъкид кардааст, ки барои оғози сохти мактаби ҷадид ба тамоми идороти ҳукуматӣ дар минтақаи Кӯлоб муроҷиа карда, аммо то ба ҳол ба ғайр аз ваъда чизе ҳосил нашудааст.

Ба гуфтаи Расулов, 100 донишомӯз дар рустои Танёл дар ду баст (шифт) дар табақаи аввали як хона машғули таҳсили улум ҳастанд ва соҳиби хона низ мунтазир аст рӯзе мактаби нав сохта шавад ва донишомӯзон хонаи ӯро холӣ кунанд.

 Хонум Мунира Муродова, муаллимаи ин мактаб, ки 33 сол дорад мегӯяд, худ низ замоне донишомӯзи ин марказ будаву орзӯ дошта, ки рӯзе дар мактаби наву муҷаҳҳаз дарс бихонад, аммо ҳанӯз ҳам аз мактаби ҷадид хабаре нест.

Ҳабибуллоҳ Сангов, мудири идораи омӯзишу парвариши минтақаи Кӯлоб мегӯяд, умедвор аст, ки сохти мактаби ҷадид дар рустои Танёл дар соли 2018 оғоз шавад.

Дар Тоҷикистон ба далели камбуди фазои омӯзишӣ ҳанӯз ҳам дар бархе манотиқи рустоӣ донишомӯзон дар вагонҳоу сохтмонҳои муваққату ғайристандарт дарс мехонанд.

 

Назарҳо