Ноябр 14, 2017 20:00 Asia/Dushanbe
  • Баргузории 12-умин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон

Дувоздаҳумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои бозаргонӣ, иқтисодӣ, фаннию фарҳангии Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар оғози ин нишаст, ки дар меҳмонхонаи “Ҳият Реҷенси”-и Душанбе баргузор шуд, Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон аз ҳузури Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ ибрози хурсандӣ кард. Усмонзода маротиби ҳамдардии худ ва ҳайати тоҷикро ба муносибати ҳодисаи ғамангези зилзила дар Эрон ба тарафи эронӣ иброз дошта, ҳузури вазири нерӯи Эрон ва ҳайати ҳамроҳи ӯро дар Тоҷикистон дар чунин рӯзҳои сахт бозгӯкунандаи аҳамияте донист, ки Эрон барои равобити дуҷониба қоил аст. Ӯ ҳамкорӣ бо Эронро дар авлавияти ҳамкориҳои Тоҷикистон хонда афзуд, таъмини амнияти иқтисодӣ яке аз муҳимтарин аҳдофи Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки дар ин чорчӯб дастёбӣ ба истиқлоли энержӣ аҳамияти вижае дорад. Усмонзода гуфт, хушбахтона, ҷиҳати таҳаққуқи ин аҳдоф бархе иқдомот анҷом шуд, ки сохти нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» аз сӯйи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо зарфияти 220 мегаватт низ аз он ҷумла мебошад. Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон гуфт, сармоягузориҳои мустақими Эрон дар Тоҷикистон ба таври умда ба бахшҳое назири хадамоти молӣ, саноат, сохтмон, энержӣ, саноати маводи ғизоӣ, тракторсозӣ, кишоварзӣ ва тиҷорати ихтисос ёфтааст ва дар ҳоли ҳозир теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз корхонаҳо ва ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Усмонзода ҳамчунин баҳрабардорӣ аз ҳама зарфиятҳои Тоҷикистону Эронро дар ростои тавсеаи ҳамкориҳо хостор шуд.

Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон низ Тоҷикистонро хонаи дувуми эрониён хонда, маротиби қадрдонии худро аз мизбонии шоиста ва меҳмоннавозии Ҳукумати Тоҷикстон дар ин нишаст иброз дошт. Ӯ ҳамчунин аз вазири энержӣ ва сафири Тоҷикистон бобати ибрози таассуф ва таслият дар робита бо ҳодисаи дардноки зилзила дар ғарби Эрон ташаккур кард. Ардакониён гуфт, Вазорати нерӯ ба унвони дастгоҳи масъули барқу об дар Эрон вазоифи муҳимеро дар мавзӯи имдод, наҷот ва бозсозии манотиқи зилзилазада бар уҳда дорад, аммо бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти кори комиссия ва интизори Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон аз пешрафти кору тавсеаи равобити ду кишвар аз ӯ хоста шуд, ки барномаи сафар ба Тоҷикистонро тағйир надиҳад.

Ардаконён бо баёни ин ки нишасти имрӯз дар остонаи 26-умин солгарди барқарории равобити Эрону Тоҷикистон дар ҳоли баргузорӣ аст, ибрози умедворӣ кард, ки дар чорчӯби ин нишаст бархе аз масоили марбут ба ҳавзаҳои молию иқтисодӣ низ роҳҳали худро пайдо мекунад, то заминае барои боло бурдани сатҳи ҳамкориҳо фароҳамтар шавад.

 

Назарҳо