• Дархости Зойиров аз раисҷумҳури Тоҷикистон

Раҳматилло Зойиров, раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон дар як муроҷиатнома ба Эмомалӣ Раҳмон талаб кардааст, ки раҳбари сотсиал-демократҳои Рашт Фарҳод Худоёровро аз ҳабс озод кунад.

Ба иттилои Ахбор, Раҳматилло Зойиров дар муроҷиатнома ба президент Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Фарҳод Худоёров 31 декабр бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Рашт бо ҷурми дашном додани роҳбари ин ноҳия Қаноат Лоиқзода ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.

Зойиров аз Эмомалӣ Раҳмон талаб кард, то нисбати амалҳои раиси ноҳияи Рашт баҳои ҳуқуқӣ додашуда, раиси созмони ҲСДТ Фарҳод Худоёров аз ҷазои маъмурӣ озод карда шавад.

Гуфта мешавад, раиси ноҳияи Рашт Қаноат Лоиқзода аввал ба Фарҳод Худоёров қитъаи замин дода, сипас қитъаи замини ҷудошудаи наздиҳавлигиро ба воситаи суд бекор кард.

Вақте Фарҳод Худоёров барои мушаххас кардани ҳолати кор оид ба бекор шудани қарори раиси ноҳияи Рашт дар бораи ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ назди раиси ноҳия ташриф меорад, раиси ноҳия талаб менамояд, ки суд нисбати Ф.Худоёров ҷазои маъмурии 15 шабона рӯзро татбиқ намояд.

Додгоҳи ноҳияи Рашт 31 декабр Фарҳод Худоёровро бо ҷурми дашном додан ба мансабдорони баландпояи ноҳия ва вайрон кардани осудагии кормандони ҳукумат ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум кард.

Худи Худоёров гуфтааст, ҳукмаш ангезаҳои сиёсӣ дорад.

 

 

Январ 02, 2018 10:52 Asia/Dushanbe
Назарҳо