• Пешбинии соли сахт барои коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия

Мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия муътақид аст, ки соли 2018 барои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ бо мушкилоти зиёде ҳамроҳ хоҳад буд.

Ба нақл аз Toptj, Каримҷон Ёров гуфтааст, ки соли 2018 дар Русия ду рӯйдоди муҳими сиёсӣ ва варзишӣ интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар баҳор ва мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол дар тобистон баргузор мешавад ва аз ин рӯ, барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон тадобири амниятӣ шиддат меёбад .

Ёров гуфтааст, дар остонаи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ Русия шароити дарёфти иҷозатномаи кор ва иқомат сахттар ва замони сабти ном низ кӯтоҳтар мегардад ба тавре, ки мутақозиён 24 соат фурсати сабти ному дарёфти иҷозатномаи кору иқомат доранд ва бо хатари ихроҷи баландмуддат аз Русия рӯ ба рӯ ҳастанд .

Мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия мегӯяд, дар шаҳрҳое, ки мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол баргузор мегардад низ тадобири амниятӣ ташдид хоҳад шуд, ки дар натиҷа бо кӯчактарин кӯтоҳии коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз ҷумла тоҷикон дар сабти ному дарёфт иҷозатномаи кору иқомат, баҳонаи ихроҷи онон аз Русия фароҳам мешавад .

Каримҷон Ёров ба шаҳрвандони ҷуёи кори тоҷикистонӣ тавсия кардааст, ки соли 2018 қабл аз сафар ба Русия ҷойи кори худро мушаххас ва бо корфармоён аз тариқи интернет ва ё бастагонашон тавофуқ кунанд, то пас аз вуруд ба ин кишвар дучори мушкили сабти ном ва дарёфт иҷозатномаи кору иқомат нашаванд .

Беш аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба унвони коргари муҳоҷир дар қаламрави Русия фаъолият мекунанд .

 

Январ 02, 2018 11:42 Asia/Dushanbe
Назарҳо