• Баҳрабардорӣ аз ҳафт тарҳи энержӣ дар Тоҷикистон

Баҳрабардорӣ аз ҳафт тарҳи энержӣ дар соли ҷадиди 2018 дар Тоҷикистон оғоз хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, ҳазинаи умумии ин тарҳҳо 8,1 миллиард сомонӣ, муодили 918,3 миллион доллар баровард шудааст.

 Тарҳҳои энержии ҷадид шомили тармим ва бозсозии неругоҳҳо, садҳо ва хутути интиқоли барқ ва низ зерсохтҳои содироти барқ ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир барномаи бозсозии ду нерӯгоҳи қадимии “Норак” ва “Қайроққум” таҳия ва ҳазинаи маҷмӯи онҳо ҳудудан 800 миллион доллар баровард шудааст.

Бештари манобеи молии тарҳҳои бозсозии бахши энержии Тоҷикистон аз ҳисоби сармоягузориҳои хориҷӣ таъмин хоҳад шуд.

 

Январ 03, 2018 15:19 Asia/Dushanbe
Назарҳо