• “Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2017” муаррифӣ шуд

Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи шумораи 14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба унвони “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2017” интихоб шуд.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати маорифи Тоҷикистон, Раъно Икромова дар озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2017” бо касби 1150 имтиёз, муваффақ ба касби ин унвон шуд.

Дар ин озмун панҷ довталаб аз вилояҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ширкат карда буданд.

Ба омӯзгори сол ҷоизаи нақдии чаҳор ҳазор сомонӣ ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм эҳдо шуд.

Ин озмун аз 29-уми декабри соли 2017 дар толори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баргузор шуд ва се рӯз идома ёфт.

 

Январ 03, 2018 15:55 Asia/Dushanbe
Назарҳо