• Зарурати ҳамкории иттилоотии Эрону Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм

Дипломати аршади эронӣ дар дидор бо сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бар зарурати ҳамкориҳои иттилоотии созмонҳои амниятии ду кишвар дар мубориза бо гурӯҳҳои такфирӣ ва террористӣ дар минтақа таъкид кард.

Ба нақл аз Ирно, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар умури байналмилал дар дидори Неъматуллоҳи Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон, ба талоши душманон барои тафриқаафкании байни мусулмонон ишора карду гуфт: Бояд бо гуфтугӯ ва ройзании байни мақомоти олирутбаи ду кишвар, аз амалӣ шудани нияти бади душманону бурузи сӯибардоштҳо ҷилавгирӣ кард .

Амирабдуллоҳиён бо таъкид бар аҳаммияти таваҷҷуҳ ба иштирокҳои фарҳангӣ ва торихии байни Эрону Тоҷикистон афзуд: Иртибототи торихӣ ва забонии муштарак пуштвонаи маҳкаме барои тавсеа ва густариши муносиботи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодист, ки бояд дар чорчуби манофеи мардуми Эрону Тоҷикистон аз он баҳра бурд .

Неъматуллоҳи Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон низ дар ин дидор гуфт: Бистарҳои фаровоне дар арсаҳои мухталиф дар ду кишвар вуҷуд дорад, ки бояд бо барномарезии дақиқу саҳеҳ аз он барои болотар бурдани сатҳи муносибот истифода кард .

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон, Эронро кишвари бародару дӯст бо пайвандҳои амиқи торихӣ ва фарҳангӣ хонду афзуд: Набояд иҷоза дод, душманон рахнае дар ин дӯстии торихӣ эҷод кунанд .

Неъматуллоҳи Эмомзода ҳамчунин бар иҷроӣ шудани тавофуқҳову сармоягузориҳои Эрону Тоҷикистон дар бахшҳои нерӯ, обу кишоварзӣ ва тавсеаи санъати гардишгарии байни ду кишвар таъкид кард .

 

Январ 03, 2018 22:09 Asia/Dushanbe
Назарҳо