• Мамнуияти фаъолияти ширкатҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Душанбе

Аз оғози соли ҷадиди мелодӣ фаъолияти ду ширкати эъзоми ғайриқонунии муҳоҷирон ба хориҷ аз кишвар дар шаҳри Душанбе мамнуъ эълом шуд.

Ба гузориши сайти расмии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, раиси 25 солаи ширкати “Сайри сайёраҳо”, ки сокини шаҳри Душанбе низ ҳаст, дар созмондеҳии муҳоҷирати ғайриқонунӣ муттаҳам дониста шуд.

Ин фарди мазнун дар октябри соли 2017 бо вуҷуди надоштани муҷаввизҳои лозим, иқдом ба эъзоми ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба хориҷ аз кишвар кардааст.

Ширкати “Сайри сайёраҳо” бо ҷазби 37 шаҳрванди Тоҷикистон, онҳоро барои кор ба унвони ронанда ба сурати ғайриқонунӣ ба Қазоқистон эъзом кардааст.

Раиси ширкати “Сайри сайёраҳо” тавассути полис боздошт ва барои вай парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Ин аввалин ширкате нест, ки аз ибтидои соли ҷадиди мелодӣ дар робита бо созмондеҳии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон шиносоӣ шудааст.

Дар авоили январи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ширкати дигаре мавсум ба “Меҳр-2017”, ки заминаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Аврупоро фароҳам мекард, шиносоӣ ва бо мамнуъ эълом шудани фаъолияташ, мудири он низ боздошт шуд.

 Ин муттаҳами 25 солаи сокини Душанбе бидуни доштани муҷаввиз аз Вазорати кор ва муҳоҷирати ин кишвар, як ширкати эъзоми нерӯи кор ба хориҷ аз кишвар таъсис ва аз се шаҳрванди ин кишвар бо ваъдаи дурӯғини фиристодан ба Аврупо барои кор 11 ҳазор доллар дарёфт карда буд.

 

Январ 13, 2018 13:48 Asia/Dushanbe
Назарҳо