• Интисоби раиси ҷадиди вилояти Суғд ва бархе тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи тағйироти кадрӣ дар идороти ин кишвар, рӯзи 13 январи соли ҷорӣ, раиси вилояти Суғдро барканор ва ҷойгузини вайро интисоб кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, Абдурраҳмон Қодирӣ аз симмати раиси вилояти Суғд барканор ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии замин ва нақшабардории ин кишвар, ба ин мақом мансуб шуд.

Дар матани фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид шудааст, ки Абдурраҳмон Қодирӣ ба далели бознишастагӣ аз симмати раёсати вилояти Суғд барканор ва Раҷаббой Аҳмадзода, ки қабл аз раёсати Кумитаи давлатии замин ва нақшабардории ин кишвар, ки чанд сол раиси шаҳри Хуҷанд буд, ҷойгузини вай шудааст.

Бар асоси фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон писари Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори собиқи Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии ин кишвар, сафири Тоҷикистон дар Фаронса таъйин шудааст, ки раёсати идораи Аврупо ва Амрико дар Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Ҷамолиддин Убайдуллоев дар ин симмат ҷойгузини Ҳомидҷон Назаров шудааст. Ҳамчунин бар асоси фармонҳои дигар Эмомалӣ Раҳмон раисони ҷадиди Идораи созмони ғизо ва дору хадамоти домпизишкӣ ва назорат бар базрҳои гиёҳӣ мансуб шудаанд. Интизор меравад дар ҷаласаи солонаи аъзои давлат, ки 18 январ дар Душанбе баргузор мешавад, раисиҷумҳури Тоҷикистон даст ба ҷобаҷоиҳои умдае дар таркиби кадрии ҳукумат бизанад.

 

Январ 14, 2018 10:30 Asia/Dushanbe
Назарҳо