• Нақши тоҷикҳо ва узбакҳо дар эҳёи рустоҳои Русия

Аъзои 47 хонаводаи тоҷикон аз вилояти Бадахшон ва теъдоде узбакҳо аз Бухорои Узбакистон бо талоши зиёд, зиндагиро дар яке аз рустоҳои матрука (хароба, раҳо шуда) дар вилояти Твер дар маркази Русия, дубора эҳё мекунанд.

Ба гузориши сомонаи “Фарғона”, рустои Рождествено яке аз 20 ҳазор рустои матрука дар Русия дар чанд соли қабл буд, ки бо сокин кардани коргарони муҳоҷир аз Тоҷикистон ва Узбакистон бо хонаводаҳояшон, акнун ҷони дубора гирифтааст.

Бо омадани ин афрод, ки ба теъдоди онон ҳама сола афзуда мешавад, кишоварзӣ, корхонаҳои коркарди маҳсулот, коргоҳҳои кӯчаки масолеҳи сохтумонӣ ва сохту сози манозили маскунӣ, дубара эҳё мегардад ва умед ба зиндагӣ афзоиш меёбад. Ба далели боло будани мизони зоду валад дар Тоҷикистон, ки дар қаламрави Ҷомъаи ҳамсуд дар миқоми нахуст қарордарад, камбуди заминҳои кишоварзӣ ва набуди ҷойи кори муносиб, акнун шаҳрвандони ин кишварро водор мекунад, ки ба Русия муҳоҷират кунанд. Зеро тайи 20 сол ахир ба далели холӣ аз сакана шудани рустоҳои Русия теъдоди бемористонҳо дар манотиқи рустоии ин кишвар 4 баробар, дармонгоҳҳо 2,5 баробар ва мадорис 1/7 баробар коҳиш ёфтааст. Тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ низ уфт кардааст, ки акнун танҳо бо муҳоҷирати шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, метавон зиндагӣ дар рустоҳои матрукаи Русияро дубора эҳё кард.

Раҳмон Улмасов, устоди Донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон ва коршиноси умури муҳоҷират қаблан пешниҳод карда буд, Маскав аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ барои эҳёи дубораи зиндагӣ дар рустоҳои худ истифода кунад. Ӯ ишора ба вуҷуди 20 ҳазор рустои бидуни сакана дар Русия, мутазаккир шудааст бар асоси муҳосиботи ҷамъиятшиносӣ, дар авохири қарни 21 дар Русия танҳо 95 миллион нафар аз мардуми бумӣ боқи хоҳанд монд. Аз ин рӯ, пешбинӣ кардааст, ин кишвар маҷбур мешавад дар ояндаи наздик барои таъмини рушди ҷамъият ва ҳифзи тавони иқтисодии худ, неруи кори ҷавон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҷазб кунад.

 

Январ 14, 2018 12:00 Asia/Dushanbe
Назарҳо