• Номаи кушоди кормандони Суди олии иқтисодии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон

5 нафар аз кормандони Суди олии иқтисодии Тоҷикистон бо ирсоли номаи саркушода ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури ин кишвар, расидагӣ ба иқдомоти раиси ин додгоҳро хостор шудаанд.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, дар ин нома дархост шудааст, иқдомоти хонум Мавлуда Қаландарзода дар интисоби кадрҳои дорои собиқаи кайфарӣ дар симматҳои муҳимм дар Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, дар Шӯрои амнияти ин кишвар мавриди баррасӣ, қарор бигирад.

Дар ин нома таъкид шудааст, интисоби чанд нафар аз муовинон ва додрасҳои Суди олии иқтисодии Тоҷикистон аз сӯи хонум Қаландарзода ба далели собиқаи ин афрод, муғойир бо қавонини мудириятӣ дар идороти давлатии ин кишвар аст. Аз ҷумла дар ин нома амадааст “соли 1999 нисбати Муовини тоза интихоби Раиси Суди олии иқтисодии ҶТ Аминов Зокир Тоҳирович, парвандаи ҷиноятӣ оѓоз шуда буд, ин шахс муддати қариб як сол дар ҳабси пешакӣ қарор дошт. Ҳамчунин ҷиянаш Аминов Дилшод Судяи суди ноҳияи Сино барои содир намудани ҷиноят дастгир ва ба ҳабс гирифта шуда, бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудааст”.

Ин 5 корманди мӯътариз, пеш аз ин ҳам ба дастури раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон барои пардохти маблағ 18 ҳазор сомонӣ аз сӯи ҳар як  з додрасҳои ин додгоҳ, барои сохти майдони варзишӣ дар шаҳри Душанбе шикоят карда буданд.

Ҳамчунин сомонаи “Ахбор” бо истинод ба манобеи худ муддаӣ шудааст, иллати марги Раҳмат Исматзода, яке аз додрасҳои Суди олии иқтисодии Тоҷикистон дар моҳи декабр соли 2017, парт шудан аз табақаи чаҳорум набуда, балки фишорҳои фазояндаи хонум Мавлуда Қаландарзода будааст.

Хонум Мавлуда Қаландарзода моҳи феврали соли 2017 бо ҳукми Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Суди олии иқтисодии ин кишвар мансуб шуд.

 

Январ 15, 2018 10:38 Asia/Dushanbe
Назарҳо