• Оё афзоиши қиммати барқ дар Тоҷикистон бо маоши мардум созгор аст?

Ниҳодҳои молии байналмилалӣ аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ҳамвора ба баҳонаи зиёновар будани фаъолияти ширкати давлатии “Барқи тоҷик” бар зарурати афзоиши қиммати барқ дар кишвар таъкид мекунанд, ки ин амр бо дастмуздҳо дар ҷумҳурӣ созгорӣ надорад.

Ба нақл аз Азия-Плюс, дар ҳоле, ки танҳо 3 моҳ қабл қиммати барқ дар Тоҷикистон барои бахши хонагӣ 15 дарсад афзоиш ёфта ва ба 16,6 дирам барои ҳар 1 киловт соат расидааст, Бонки ҷаҳонӣ бар зарурати афзоиши дубораи қиммати барқ дар кишвар таъкид мекунад .

Тоҷикистон ҳамасола ба дархости ниҳодҳои молии байналмилалӣ, ба афзоиши қиммати барқ дар кишвар иқдом мекунад, бо ин ҳол Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё бо пешниҳоди афзоиши дубораи қиммати барқ барои таъмини манобеи молии кишвар, андешидани тамҳидоте монанди пардохти бахше аз ҳазинаи барқи ақшори фақири ҷомеаро барои ҷуброни хисороти ворида ба онҳо хостор шудаанд .

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барқ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соири кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил арзонтар аст ба тавре, ки дар Қазоқистон 1 киловат соат барқ барои бахши хонагӣ 30 дирам, Русия 38 дирам, Беларус 44 дирам, Узбакистон 54 дирам ва дар Арманистон 80 дирам аст .

Аммо иқтисоддонони тоҷик муътақиданд, ки қиммати барқ дар ин кишварҳо бо мизони дастмуздҳои мардум мутобиқат дорад дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон интавр нест .

Ба гуфтаи ин иқтисоддонон, миёнгини маоши моҳиёна дар Қазоқистон 500 доллар,  Русия 600 доллар, Беларус 350 доллар ва дар Арманистон 320 доллар аст. Дар Тоҷикистон 130 доллар аст.

Хуршед Саидов, коршиноси тоҷик таъкид мекунад, дар Тоҷикистон гурӯҳҳое бо ҳадафи дар даст гирифтани мудирияти ширкати давлатии “Барқи тоҷик” қасд доранд, ки ин ширкат варшикаста шавад ҳарчанд, ки амалан чунин иттифоқе афтодааст ва Бонки ҷаҳонӣ беҳуда талош мекунад, то аз ҳисоби афзоиши қиммати барқ барои бахши хонагӣ ин ширкатро наҷот диҳад .

 

Январ 16, 2018 11:56 Asia/Dushanbe
Назарҳо