• Ихроҷи муҳоҷирони хориҷии ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон

Тоҷикистон ба ихроҷи муҳоҷирони хориҷӣ ба иллати нақзи қонунҳо мепардозад.

Ба гузориши сайти Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар соли 2017 барои 474 шаҳрванди хориҷӣ ба иллати нақзи қонунҳои иқомат, парванда ташкил шуда ва аз ин теъдод ҳам 173 нафар аз кишвар ихроҷ шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, дар соли 2017 теъдоди ихроҷшудагон аз Тоҷикистон дар муқоиса бо соли қабл аз он коҳиш ёфтааст. Дар ҳоле ки дар соли 2016 аз ин кишвар 204 шаҳрванд хориҷӣ ихроҷ шуда буданд.

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, дар соли 2017 аз сӯйи Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бар асоси саҳмия барои 6645 хориҷӣ муҷаввизи кор содир шудааст, ки тақрибан ду баробар камтар аз соли гузашта аст.

Дар соли 2016 муҷаввизҳои содиршуда барои коргарони хориҷӣ дар Тоҷикистон 11 ҳазору 330 адад будааст.

Ҳамзамон ин вазоратхона аз эҷоди 31 ҳазор шуғли доимӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2017 хабар додааст, ки 10 ҳазор шуғл бештар аз соли 2016 аст.

Ислоҳот дар қонуни танзими фаъолиятҳои атбои хориҷӣ дар Тоҷикистон дар соли 2016, замони эътибори санади муҷаввизи корро, ки бар асоси он атбои хориҷӣ дар ин кишвар ҳаққи кор ва фаъолият доранд, аз панҷ ба се сол коҳиш дод.

Тасмим ба ихроҷи табааи хориҷӣ тавассути Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва бо ризоияти Додситонии кулли ин ҷумҳурӣ гирифта мешавад ва дар сурате ки фарди ихроҷшуда дар тӯли як ҳафта дар мавриди қонунӣ будани он ба додгоҳ муроҷиа накунад, ин тасмим иҷро мешавад.

 

Феврал 08, 2018 12:20 Asia/Dushanbe
Назарҳо