• Поёни таниш дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон

Ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ ва мусофирон дар гузаргоҳи марзии Қайрағоч, миёни вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон, ки марзбонони тоҷик ба таври якҷонба онро мутаваққиф карда буданд, аз сар гирифта шуд.

Ба гузориши сойти қирғизии “Turmush”, субҳи рӯзи панҷшанбе марзбонони Тоҷикистон ба нишони эътироз ба насби як контейнер ба унвони пули убури муваққати донишомӯзони қирғизӣ, рӯйи канали обёрӣ дар наздикии рустои Сада, ин гузаргоҳи марзии байналмилалиро бастанд.

Марзбонони тоҷик ҳамчунин бо афзоиши теъдоди неруҳои хеш дар ин минтақа як пули иртиботии дигарро, ки бо мушорикати мақомҳои ду вилояти Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон дар соли 2015 ифтитоҳ шуда буд, бастанд.

Мақомоти қирғиз мегӯянд, ки ин пул бо тавофуқи дуҷониба сохта шуда ва имкони рафту омади 50 ҳазор нафар аз сокинони рустоҳои марзии Қирғизистонро бо Тоҷикистон бидуни вуруд ба қаламрави кишвари ҳамсоя, фароҳам месозад.

Дар пайи музокироти мақомоти ноҳияҳои ҳаммарзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, марзбонони тоҷик роҳи иртиботӣ ва пулҳои баста шударо бозгушоӣ карданд.

Бо вуҷуди сафари чанд рӯз қабли раисиҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон, ки интизор мерафт ҷонибҳо дар бораи аломатгузории марзи муштараки 970 километрии ду кишвар ба тавофуқ бирасанд, танҳо бо интишори баёнияи сиёсӣ бар зарурати ҳалли ин мушкил таъкид шуд.

 

Феврал 08, 2018 20:48 Asia/Dushanbe
Назарҳо