• Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз масҷиди бузурги дар ҳоли сохтан дар Душанбе

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи ҷумъа зимни боздид аз масҷиди бузурги ҷомеъи дар дар ҳоли сохти Душанбе, аз он ба унвони «макони нодири ибодӣ дар сатҳи Осиёи марказӣ» ёд кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз манбаъҳои расмии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин боздид Рустами Эмомалӣ, шаҳрдор ва дигар мақомоти ҳукуматӣ ҳамроҳӣ карданд.

Гуфта мешавад раисҷумҳури Тоҷикистон аз ширкатҳои созандаи масҷиди бузурги ҷомеъи Душанбе хостааст ба таври вежа ба ҷанбаи меъмории миллии тоҷикон ва ороиши бахшҳои мухталифи масҷид ва атрофи он таваҷҷуҳ кунанд.

 Масҷиди бузурги ҷомеъи Душанбе дар замине ба масоҳати 12 гектар аз соли 2009 ба ин су дар ҳоли сохтан аст.

 Ин масҷид дорои чаҳор манораи 75 метрӣ ва 24 гумбаз аст.

 

Феврал 09, 2018 19:19 Asia/Dushanbe
Назарҳо