• Таъсири нерӯгоҳи “Роғун” бар вуруди гилу лой ба садди нерӯгоҳи “Норак”

Масъулони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом карданд, баҳрабардорӣ аз турбинаи нахусти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар соли ҷорӣ, заминаи поён ёфтани вуруди гилу лой ба садди нерӯгоҳи “Норак”-ро фароҳам месозад.

Ба гузориши сомонаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, бо сохти садди 335 метрии нерӯгоҳи обии “Роғун” аз вуруди гилу лой ба садди 300 метрии нерӯгоҳи “Норак” пешгирӣ хоҳад шуд.

Ин амр боис мешавад 9 турбинаи ин нерӯгоҳ бо қудрати бештаре барқ тавлид кунад. Зеро тайи беш аз 40 соли фаъолияти нерӯгоҳи обии “Норак”, гилу лойи зиёде дар дохили садди он ҷамъ шудааст, ки боиси коҳиши тавлиди барқ мешавад.

Лойрӯбии садди 300 метрии нерӯгоҳи обии “Норак” ниёз ба манобеи молии калон ва таҷҳизоти пешрафта дошт, ки дар шароити феълии иқтисодии Тоҷикистон ин амр имконпазир набуд.

Коршиносон мизони гилу лойи ҷамъшуда дар садди нерӯгоҳи “Норак”-ро 40 дарсад эълом кардаанд, ки монеи фаъолияти турбинаҳои он мешавад.

Дар сурати баҳрабардорӣ аз турбинаи нахусти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар соли ҷорӣ, оби софе ба садди нерӯгоҳи “Норак” ворид мешавад, ки боиси идомаи фаъолияти он дар оянда низ хоҳад шуд.

Ҳамчунин вуруди оби софшуда ба садди нерӯгоҳи обии “Норак” боис мешавад, ки нерӯгоҳҳои пойинтари рӯдхонаи Вахш назири “Сангтӯда - 1”, “Сангтӯда -2” ва “Сарбанд” низ аз вуруди гилу лой дар амон бимонанд.

Зеро ин нерӯгоҳҳо ҳамагӣ бар рӯйи рӯдхонаи Вахш ва пойинтар аз нерӯгоҳи обии “Норак” сохта шудаанд.

 

Март 07, 2018 12:50 Asia/Dushanbe
Назарҳо