• Иддаои озодии узви ихроҷшудаи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон

Узви ихроҷшудаи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон аз туркия пас аз Туркия, пас аз чанд рӯз сукут, иддаои озодбудани худро такрор кард.

Ба гузориши Радиои тоҷикии Садои Хуросон, Нуъмонҷон Шарифов, ки рӯзи 16-уми феврал аз Туркия ба Тоҷикистон оварда шуда буд дар тамоси видеоӣ бо сомонаи Ахбор, бори дигар иддао кард, ки  озод ва дар зодгоҳаш шаҳристони Исфара аст.

Нуъмонҷон Шарифов, ки дар гузашта масъулияти бахши назоратии Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғдро ба уҳда дошт соли 2015 бо фирор ба Туркия дар шаҳри Истамбол чойхонаи тоҷикӣ роҳандозӣ карда буд.

Вай рӯзи панҷуми феврали имсол аз сӯи неруҳои амниятии Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон мунтақил шуд.

Ҳамон замон бархе манбаъҳои хабарӣ аз боздошт ва истирдоди иҷбории ин мақоми пешини Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ ба Душанбе хабар дода буданд, ки вай ин хабарро такзиб кард.

Аз он таърих ба баъд хабаре дар бораи Нуъмонҷон Шарифов мунташир нашуд, то инки вай дубора аз озод буданаш дар Тоҷикистон хабар дода буд.

Март 07, 2018 14:12 Asia/Dushanbe
Назарҳо