• Афзоиши ғурфаҳои контроли шиноснома дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Сухангӯи нерӯи марзбонии Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди марзбонон ва ғурфаҳои контроли шиноснома дар марзи муштараки ин кишвар ва Ӯзбакистон барои осонсозии рафтуомади шаҳрвандон хабар дод.

Ба гузориши “Азия плюс”, Муҳаммад Улуғхоҷаев гуфтааст, ки ба далели издиҳоми довталабони сафар ба Ӯзбакистон дар гузаргоҳҳои марзии тозаифтитоҳшудаи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, зарурати афзоиши теъдоди марзбонон ва ғурфаҳои контроли шиноснома вуҷуд дорад, ки ин амр заминаи коҳиши сафҳои тӯлониро фароҳам месозад.

Зеро бо азсаргирии фаъолияти 10 гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, акнун дар ду тарафи марзи муштараки ин ду кишвар сафҳои тӯлонӣ барои сафар ва дидор бо бастагон ба вуҷуд омадааст, ки мақомоти фармондеҳии нерӯҳои марзбонӣ ба манзури осонсозии рафтуомади шаҳрвандон ба афзоиши нерӯ ва ғурфаҳои контроли шиноснома иқдом хоҳанд кард.

Сухангӯи нерӯи марзбонии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҳамакнун дар тамоми гузаргоҳҳои марзии ин кишвар бо Ӯзбакистон ба теъдоди марзбонон афзуда шудааст, ки ба назар мерасад ин иқдом кофӣ нест.

Бар асоси тавофуқи дуҷониба миёни мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, аз рӯзи аввали моҳи марти соли ҷорӣ тамоми гузаргоҳҳои марзии басташуда дар даврони раёсати ҷумҳурии Ислом Каримов дар Ӯзбакистон дубора бозкушоӣ ва бо истиқболи мардуми ду кишвар рӯбарӯ шуд.

Бештари ин гузаргоҳҳо дар миёни ноҳияҳои ҳаммарзи вилояти Суғди Тоҷикистон бо Ӯзбакистон воқеъ шудааст, ки пас аз 15 сол сокинони манотиқи ҳаммарзи ду кишвар имкон пайдо карданд бидуни раводид ба дидори бастагони хеш бираванд.

 

Март 08, 2018 10:04 Asia/Dushanbe
Назарҳо