• Ҳазфи номи яке аз масъулони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз феҳристи Интерпол

Пулиси байналамилалӣ (Интерпол) аз ҳазфи номи яке аз масъулони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) аз феҳристи афроди таҳти таъқиби ин ниҳод, хабар дод.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, номи Қамариддин Афзалӣ, масъули ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар вилояти Хатлон, аз соли 2015 ба дархости мақомоти додгоҳии ин кишвар, дар феҳрасти афроди таҳти таъқиби Интерпол қарор дошт.

Аммо ахиран Пулиси байналамилалӣ бо интишори номае эълом кардааст, ки номи Қамариддин Афзалӣ ба далели сиёсӣ будани иттиҳомоти ворида ба вай аз сӯи мақомоти додгоҳии Тоҷикистон, аз фаҳрасти афроди таҳти таъқиби ин ниҳод ҳазф шуд, зеро далоили ироа шудаи ин мақомот дар бораи иртиботи Қамариддин Афзалӣ бо терроризм собит нашудааст.

Чанд рӯз қабл низ мақомоти Пулиси байналмилалӣ бо ирсоли номае ба Муҳиддин Кабирӣ, номи раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ), аз ҳазфи номи вай аз феҳрасти афроди таҳти таъқиби ин ниҳод хабар дода буданд.

Раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) пас аз шикасти ин ҳизб дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015, аз ин кишвар хориҷ шуд ва дар соли 2016 ба Аврупо паноҳандаи сиёсӣ шуд.

Аммо теъдоди зиёде аз аъзои шӯрои сиёсӣ ва фаъолони ин ҳизб ба иттиҳоми даст доштан дар ошӯби генерал Абдулҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.

 

Март 08, 2018 20:33 Asia/Dushanbe
Назарҳо