• Таблиғи забону фарҳанги Тоҷикистон аз сӯйи устоди Донишгоҳи давлатии Русия

Устоди Донишгоҳи давлатии Русия бо интишори як навори видеоии 8 дақиқаӣ таблиғоте бо унвони “Тоҷикон чӣ касоне ҳастанд?”, ба муаррифии фарҳангу забони тоҷикӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон пардохтааст.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Даниил Гритсай, устоди донишкадаи Осиё ва Африқо, вобаста ба Донишгоҳи давлатии Русия гуфт, ҳадаф аз интишори ин навори видеоӣ дар бораи Тоҷикистон дур кардани тасаввуроти нодуруст аз зеҳни мардуми ин кишвар аст.

Вай таъкид кардааст, забони тоҷикӣ шохае аз забони форсӣ аст, ки мутааллиқ ба хонаводаи забонҳои ҳинду аврупоӣ аст, ки забони Русия низ шомили ин гурӯҳ мешавад.

Аз дидгоҳи ин устоди донишгоҳи Русия, устод Рӯдакӣ - падари шеъри форсӣ дар қарни 9-и мелодӣ ашъори сода ва ҳикматомӯзе навиштааст, ки дар он даврон дар Русия ба дунболи пайдо кардани алифбо буданд.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз низ тамоми форсизабонон бидуни мушкил шеърҳои ин шоири бузургро мехонанд ва ҳифз мекунанд.

Ин устоди Донишгоҳи давлатии Русия таъкид кардааст, ки имрӯз низ дар Тоҷикистон даҳҳо донишгоҳ, ҳазорон мактаб ва омӯзишгоҳҳои давлатӣ ва хусусӣ фаъолият мекунанд ва аз нигоҳи омӯзиш ин кишвар аз ҷойгоҳи матлубе дар минтақа бархурдор аст.

 

Март 17, 2018 10:07 Asia/Dushanbe
Назарҳо