• Кумаки молии Тоҷикистон барои дармони Бозор Собир

Ҳукумати Тоҷикистон маблағи заруриро ба хонум Гулчеҳра, ҳамсари Бозор Собир, супорид.

Ба иттилои Азия-Плюс, ҳукумати Тоҷикистон барои табобати шоир Бозор Собир, ки дар бемористони шаҳри Сиэтли ИМА бистарӣ аст, маблағ ҷудо кард. 

"Ҳукумати Тоҷикистон барои табобати Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир, ки ҳоло дар бахши эҳёгарии бемористони шаҳри Сиэтли Амрико аст, маблағ ҷудо кард. Ин васоили нақдӣ, ки барои табобат нигаронида шудааст, аллакай ба ҳамсари шоир хонум Гулчеҳра супурда шуд", — қайд карданд дар  Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон.

Таъкид гардид, ки дар айни ҳол вазъи саломатии шоир ноустувор аст, вале беҳбудии муваққатӣ мушоҳида мешавад. Дар бемористон шоирро намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳдамимов ҳамроҳӣ мекунад.

Хотиррасон мекунем, ки қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табобати Бозор Собирро зери назорати шахсии худ гирифта буд.

 

 

 

 

Апрел 19, 2018 12:14 Asia/Dushanbe
Назарҳо