• Ирсоли парвандаи раиси ширкати “Умед 88” ба додгоҳ

Мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҷикистон аз поёни таҳқиқи парвандаи Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати сӯхтрасони “Умед 88” ба иттиҳоми ихтилос, дӯздии манобеи молии давлатӣ ва сӯиистифода аз мақом, хабар додаанд.

Ба гузориши Топ Тҷ, акнун пас аз баррасии ин парванда дар Додситонии кулли Тоҷикистон, Додгоҳи олии ин кишвар иқдом ба судури ҳукм хоҳад кард.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҷикистон Раҷабалӣ Одинаевро ба ҳамроҳи муовинаш ва се мақоми масъули ин ширкат, дар моҳи октябри соли 2017 боздошт карда буд.

Иттиҳоми онон бознагардондани қарзи дарёфтӣ аз чанд бонк ва ниҳоди молӣ, аз ҷумла неругоҳи барқӣ обии Роғун эълом шуд.

Мақомоти ин оҷонс гуфта буданд, ба масъулони ширкати сӯхтрасони “Умед 88” муҷаввиз додаанд, ки барои пардохти қарзи 171 миллион сомонии худ ба Вазорати молияи Тоҷикистон, амволи ин ширкатро бифурӯшанд.

Дар ҳоли ҳозир вакилони мудофеи Одинаев гуфтаанд, парвандаи қазоӣ алайҳи ӯ муҳри махфӣ зада шуда ва додгоҳи раиси ширкати “Умед 88” ва ҳамроҳонаш пушти дарҳои баста баргузор мешавад.

Раиси ширкати сӯхтрасони “Умед88” билофосила пас аз интиқоди раисиҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо фаъолони бахши хусусӣ дар таърихи 14 октябри соли 2017, боздошт шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар он суханронӣ гуфта буд, Раҷабалӣ Одинаев аз давлат қарзи гирифта ва ду сол аст, ки барои пардохти он иқдом намекунад.

Нуктаи қобили мулоҳиза дар ин моҷаро наҳваи қарзи гирифтани масъулони ширкати “Умед88” аст, зеро дарёфти маблағи 171 миллион сомонӣ қарз бидуни пешниҳоди ҳукумат ва тасвиби Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон имконпазир нест.

Абдусалом Қурбониён, Вазири собиқи молияи Тоҷикистон, ки бо ин моҷаро иртибот дошт, авоили имсол аз ин мақом барканор ва Файзиддин Қаҳҳорзода ба ҷои ӯ мансуб шуд.

 

Май 27, 2018 08:57 Asia/Dushanbe
Назарҳо