• Даргирии марзбонони тоҷик бо қочоқчиёни маводи мухаддир

Се мавриди даргирӣ миёни марзбонони тоҷик ва қочоқчиёни маводи мухаддир аз Афғонистон рӯзи гузашта (сешанбе) дар маҳдудаи посгоҳи марзии Ҳамадонӣ рух дод.

Ба гузориши “Азия плюс”, сухангӯи нерӯи марзбонии вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфтааст, қочоқчиёни маводи мухаддир пас аз рӯёрӯӣ бо иқдоми мусаллаҳонаи марзбонони тоҷик, бо барҷо гузоштани 16 килограм анвои маводи мухаддир, ба дохили хоки Афғонистон фирор карданд.

Саргурд Муҳаммад Улуғхоҷаев афзудааст, дар дувумин даргирӣ дар маҳдудаи посгоҳи ёдшуда ҳам қочоқчиёни афғонистонӣ бо барҷо гузоштани 11 кило анвои маводи мухаддир, аз маҳал фирор кардаанд.

Ба гуфтаи вай дар даргирии севум дар маҳдудаи посгоҳи марзии Панҷ 35 кило ҳашиш аз қочоқчиёни маводи мухаддире, ки аз Афғонистон омада буданд, кашфу мусодира шуд.

Гуфта мешавад, дар ҳеҷ кадом аз ин даргириҳо марзбонони тоҷик осебе надидаанд.

Марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон 1344 километр тӯл дорад.

Бар асоси гузориши нерӯи марзбонии вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, тайи соли гузаштаи мелодӣ 31 маврид даргирӣ дар ин хатти марзӣ рух додааст, ки боиси ҳалокати 18 қочоқчии маводи мухаддир ва дастгирии 20 нафар аз онон шуд.

Тайи ин ҳаводис марзбонони тоҷик муваффақ ба кашфу мусодираи 1700 килограм анвои маводи мухаддир шудаанд.

 

Июн 13, 2018 12:07 Asia/Dushanbe
Назарҳо