• Тоҷикистон дар феҳристи 10 кишвари аввали ҷаҳон аз назари рушди иқтисодӣ

Тоҷикистон шомили нӯҳгонаи кишварҳои дорои рушди иқтисодии пойдор шуд.

Ба иттилои Форс, дар ҳисоботе, ки Бонки ҷаҳонӣ мунташир кард, гуфта мешавад, дар соли 2017 тавлиди нохолиси дохилӣ дар Тоҷикистон 7,1% фисад боло рафтааст.

Ҳамчунин ба даҳгонаи кишварҳои дорои рушди иқтисодии пойдор Непал (9,7%), Гана (7,8%) Арманистон (7,5%), Туркия ва Бутан (7,4%) шомил шудаанд.

Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Тоҷикистон Туркманистон бо нишондоди бештаре — 6,5% пешсаф аст. Сипас кишварҳои Узбакистон (5,3%), Қирғизистон (4,4%) ва Қазоқистон — 4,0% номбар карда мешаванд.

Ёдрас мешавем, тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳаҷми қарзи берунаи ҷумҳурӣ дар соли 2017 ба 27,5% афзуда, нуқтаи 2,9 миллиард долларро дарёфт кард, ки ин 40,3% ММД-и ҷумҳуриро ташкил медиҳад

Соли гузашта бо назардошти нашри коғазҳои қимматноки давлатӣ ё евробондҳо, ба иқтисодиёти Тоҷикистон 1,1 млрд. доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки аз соли 2016 дида, 30,6% бештар аст.

 

 

 

 

Июн 13, 2018 18:47 Asia/Dushanbe
Назарҳо