• Сафари раисиҷумҳури Покистон ва нахуствазири Афғонистон ба Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Покистон ва нахуствазири Афғонистон барои ширкат дар Конфронси байналмилалии даҳсолаи амал «Об барои рушди пойдор барои солҳои 2028-2018» ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард.

Ба гузориши “Спутник”, дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон эълом кардааст, Мамнун Ҳусейн, раисиҷумҳури Покистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, нахуствазири Афғонистон, тайи як сафари расмӣ ба Душанбе хоҳанд омад.

Интизор меравад, дар Конфронси байналмилалии даҳсолаи амал «Об барои рушди пойдор барои солҳои 2028-2018 » дар шаҳри Душанбе, ҳудуди 1000 нафар аз мақомот ва масъулони аршади наздик ба 100 кишвар ва созмони байналмилалӣ ширкат кунанд.

Ҳамчунин дар ин нишаст, муовини дабири кулли Созмони Милал, раёсати ҳайати ин созмонро бар ӯҳда дорад.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" барои солҳои 2018-2028 ба муносибат оғози даҳаи байналмилалии амал «об барои рушди пойдор барои солҳои 2018-2028» рӯзҳои 20 ва 22 июн ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар баргузор мешавад.

 

Июн 14, 2018 17:09 Asia/Dushanbe
Назарҳо